Главная / Маданият / Тожикча шерлар

Тожикча шерлар

Дуст хакида тожикча шеър

Бархез, то нихем сари худ ба пои дуст,
Чонро фидо кунем, ки сад чон фидои дуст.

Дар дустй мулохизаи маргу зист нест,
Душман бех аз касе, ки намирад барои дуст.

Хошо , ки гайри дуст кунад чо ба чашми ман,
Дидан наметавон дигареро ба чои дуст.

Аз дуст хар чафо, ки расад чои миннат аст,
Зеро, ки нест хеч вафо чун чафои дуст.

Бо дуст ошно шуда, бегонаам зи халк,
То ошнои ман набувад ошнои дуст.

Дар халкаи сагони дараш меравам, ки боз
Ахбоб сар занад ба гирди сарои дуст.

Дасти дуо кушод Хилоли ба хазратат,
Яъне ба даст нест маро чуз дуои дуст.

tojik-soniya

Она хакида тожикча шеър

Модарам мегуфт доим вакти хоб:
«Хоб кун, албатта, бо пахлуи рост!
Он хама коре, ки ният мекуни,
Сар бикун бо кувваи бозуи рост.

Нонро доим ба дасти рост гир,
Пуш аввал остини ростро,
Гар бибанди ахд, дасти рост дех,
Дасти чап не хайр дорад, не бако».

Хурд будам, бехабар будам хануз:
Фарк байни дасти чаппу рост чист?
Хоб кардан, сер будан муддао,
Муддао дар дасти чаппу рост нест.

Баъд фахмидам, муроди модарам
З-ин насихатхош дигар будааст:
Бо чунин панду насихатхо ба ман
Ростиро тарбият бинмудааст.

Ота / Дада хакида тожикча шеър

Кош, рузе мехмони ман шави,
Мехмони духтари худ эй падар!
Кош бо дидори худ равшан куни
Хонадони духтари худ, эй падар!

По бимон бар остони духтарат,
Дур аз гардан фикан ин гуна нанг.
Гарчи даргохи писар бошад кушод,
Ошёни духтарат хам нест танг.

Ох, дар рохат ду чашмам чор шуд,
Кош ои аз дари ман ногахон.
Аз сарат пошида мехри хешро,
Пойандози ту созам ин чахон.

Тожикистон хакида тожикча шеърлар

Точикистон, обу хокам обу хоки поки туст,
Ту маро хам чои чон, хам чои дил, хам чои чашм.
Ман кадам чун менихам, дар зери поям хоки туст,
Гарди хокатро табаррук менихам болои чашм.
Гар касе як гарди ту дар бахру бар гумм мекунад,
У на гарди хоки покат, балки сар гум мекунад.

То забон бикшоям аз ишкат, маро бикшо забон,
То ба дехкон чун замини пахта бахшоям сурур.
То ситоям куху водият чу дарёи равон,
Карда гардон паррахоро, к-он шавад дарёи нур.
Ишки ман харгиз набошад дар забон дар сухан,
Баски ишки ту дамида чои чонам дадр бадан.

Бодхо дар пуштахо аз мехри ман хонад суруд,
Мавчхо дар рудхо аз ишки ман хонад газал,
Офтоб аз куллахо аз сидки ман гуяд дуруд,
Точикистон, бахри ту, ишки азизи бебадал.
Ман баландам аз само, то зери гардуни туам,

******************************

Точикистон – мазхари ман,
Сарзамини камзамин,
Ту саросар кухсори,
Ту саросар сангзори,
Чунки фарзандони ту дар рохи таърихи дароз
Хар кучо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар чустучуи бахти худ
Дар биёбонхои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Хар кучо рафтанд махчуру гариб
Аз фирокат чуфти онхо нолаю андух шуд.
Чумла дар куи гариби хок гаштанд, эй дарег,
Орзухошон дар ин чо санг басту кух шуд.
Хар кучо рафтанд онон
Ё ба Макка ё Мадина,
Ё ба гурбат, ё тичорат,
Ё гуреза аз хама тазвиру кина,
Мушти хокатро ба киса ёдгори бурдаанд.
То агар рузе бимиранд аз казо,
Дар гариби бекасу беошно,
Хоки ту бошад нишони охирин…
Точикистон! –

Мероси азизи Оли Сомон дорад,
Ин равза, ки ном Точикистон дорад.
Нарм аст чу обу гили дилхо хокаш,
Мардони тузурги сахтпаймон дорад.

Вандори, борад, бо чахонист,
Вандори, борад, бо чахонист.
Вандори, борад, бо чахонист,
Вандори, борад, бо чахонист.

Точикистон кишвари хушманзар аст,
Бар сараш дар осмон хафт ахтар аст.
Мардумонаш мардуми бонангу ор,
Бо бузургон шухраи бахру бар аст.

Точикистони азизам, кишваи хушманзарам,
Аз дилу чонам туро, то хаст чон, мепарварам.
Хастии ту, хастии ман решапайванди хаманд,
То ки хастам, боги хастиро туи баргу барам.

Точикистони туй дорад, туйи истиклол,
Мекунад ёрони чонии худ истикбол.
Мешиносад кадрихудро дар хама холл,
месарояд сулху вахдатро зи икбол.

Точикистон, ту мулки озоди,
Точикистон, ту мулки ободи.
Точикистон, ту мулки шодоби,
Точикстон, ту худ худододи.

Точикистони азизам, манзилам,
Мехри ту бошад хамеша дар дилам.
Обу хоки ту бувад обу гилам,
Хар кучо бошам, ту хасти хосилам.

МАКТАБ ХАКИДА ШЕЪР

Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст,
Мурги масти орзу аз ошёни мактаб аст.
Аклу дониш, илму ирфон, дафтару мехри китоб,
Бахри мо хидматрасон аз ганчи кони мактаб аст.

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хохи, руй бар мактаб биёр.

Бе чон часадро кадре набошад,
Чисм аст мактаб, чон аст мактаб

.Гар набинад мактабу устоду таълиму адаб,
Кас чу хайвон мешавад гарчи бувад сохибнасаб.

Партави хусн аст, оре илму ахлоку адаб.
Бе адаб, бе илм, бе кадр аст ин набвад ачаб.
Гар набошад даргахи мактаб ба тифлон маъхазе,
Илму ирфон хеч мегардад, хама кас беадаб.

Агар мактаб бихони, бахтиёри
Нахони дар пушаймони бимони.
Бихон, эй гунчаи боги чавони.
Агар хони, ту доим шодмони.

ДУШАНБЕШАХР – Тожикча шеър

Чидам гули садбарг зи гулзори Душанбе,
Бурдам ба дари хонаи дилдори Душанбе,
Гуфтам. ки дар ин хар вараки гунча нихон аст
Рози ману рози туву асрори Душанбе,
Бар хар тарафе менигарам, менигарад гарм
Аз хар тарафе чашми сафедори Душанбе.
Хар сояи беманзара хамсояи ман нест,
Хамсояи ман сояидевори Душанбе.
Чун ришатаи дил, риштаи чон, риштаи умр аст
Дар гардани ман риштаи тумори Душанбе.
Дар сина ба чои или ман чунбаду чунбад
Умре хама гахвораи гулдори Душанбе.
Махтоб авезон ба сари шохи чанораш,
Фонуси шаби шоири бедори Душанбе.

 

ЭНГ ЯХШИ ТОЖИКЧА ПАНД-насихатлар

Чу паймони озодагон бишкани,
Нишони бузурги ба хок афкани.
Надони, ки мардони паймоншикан,
Сутуда набошанд дар анчуман.

Аз имруз коре ба фардо мамон,
Чи дони, ки фардо чи созад замон.
Валекин куну наст хангоми кор,
Ки нанг андар омад чунин рузгор,
Чу неку нагардад ба як мох кор.
Бимонад ба соле кашад рузгор.

Дигар гуфт равшанравон касе,
Ки кутох гуяд ба маъни басе.
Касеро, ки магзаш бувад пуршитоб,
Фаровонсухан бошаду деръёб.
Чу гуфтори бехуда бисъёр гашт,
Сухангуи дар мардуми хор гашт.

Ки эй марди бодонишу покрой,
Сухангую покизаву рахнамой.
Сухан монад андар чахон ёдгор,
Сухан бехтар аз гафхари шохвор.

Забон чарбгуёву дил пурдуруг,
Бари марди доно нагирад фуруг.
Забонро магардон ба гирди дуруг,
Чу хохи, ки бахт аз ту гирад фуруг.

Касе бошад аз бахт хушрузу шод,
Ки бошад хамеша дилаш пур зи дод.
Ба хар кор фармон макун чуз ба дод,
Ки аз дод бошад равони ту шод.
Аз он пас бар он кас кунед офарин,
Ки аз додаш обод бошад замин.

Вафо чун дарахте бувад мевадор,
Кучо хар замоне нав ояд ба бор.
Чи неку турост аз вафодор дуст,
Вафодори аз дустон бас накуст.
Бидорам вафои ту то зиндаам,
Равонро ба мехри ту огандаам.

Бошка мин тожикча шеърлар шу сайтга бор http://sherho.sorbon.ru

ТОЖИКИСТОН

Чи дунёест?-зебо Точикистон
Саросар чун гуле дар сунбулистон
Хазорон бор гарди гирди олам,
Наёби манзиле чун Точикистон.
Макони кухсор дорад-Бадахшон,
Маконе пур зи оби соф-Хатлон.
Ачаб зебо-Хучанди бостони,
Нишоне аз бахори шодмони.
Диёри номдодорам,Точикистон.
Янишону ифтихорам,Точикистон!

Яна маълумот

pogudx662lujp78dq

Тугилган кун табрикотлари 2023

Киска, узок, ихчам, расмли тугилган кун хабари ва енг яхши табрик сузлари Тугилган кун мухим …