Главная / Жамият / Шартнома бланка – намуна
<

Шартнома бланка – намуна

Шартнома оиди ташкили равобити технологи

барои фиристонидани паёмакхо №___

 

ш. Хучанд                                                                                                   «___» декабри 201__ c.

 

Чамъияти дорои масъулияти махдуди “Технологияхои иттилоотии муосир” (номи кутохкардашуда ЧДММ “Технологияхои иттилоотии муосир”), дар оянда хамчун “ПАЙВАНДГАР” номида мешавад, дар шахсияти директор Мамадчонов М. М., ки дар асоси Оиннома амал менамояд, аз як тараф, ва _____________________________________, минбаъд “Фармоишгар” номида мешавад, дар шахсияти ___________________________, ки дар асоси Ваколатномаи №__ аз ____________ амал менамояд, аз дигар тараф, дар якчояги Тарафхо номида мешаванд, шартномаи мазкурро (минбаъд – “Шартнома”) дар хусуси зерин бастанд:

 

  1. Истилохотхое, ки дар Шартномаи мазкур истифода мешаванд

 

1.1. Мизоч – шахси вокеи ва хукукие, ки бо Фармоишгар хамкори мекунад.

1.2. Оператор – оператори мобили, ки паёмак аз он дастрас карда мешавад.

1.3. Алфанумерик – ракамхо ва харфхои лотинии бехамто (на зиёда аз 11 харф), ки дар паёмакхо, ки аз тарафи Мизоч ирсол карда мешавад, хамчун фиристонанда дарч мегардад.

1.4. Паёмак (СМС) – хабари кутохи матнии дарбаргирандаи иттилоот (то 160 аломат бо харфхои лотини (Latin 1 (ISO-8859-1) 7bit) ё 70 аломат бо харфхои гайри лотини (UCS2 (ISO/IEC-10646)) дар шакли матнии раками мебошад, ки ба воситаи тачхизоти шабакаи Оператор то терминали (телефони) мобилии Мизоч, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шудааст, расонида мешавад. Агар микдори аломатхои хабар аз микдори дар боло зикргардида зиёд бошад, матн аз якчанд паёмак иборат хисобида мешавад, ки хар яки он назиёда аз 153 аломат бо харфхои лотини ё 67 аломат бо харфхои гайри лотини иборат аст. Агар матн бо истифодаи аломатхои лотини ва гайри лотини навишта шуда бошад, паёмак бо аломатхои гайри лотини навишташуда ба хисоб меравад. Инчунин, хачми як паёмак набояд аз 140 байт зиёд бошад.

1.5. Утоки шахси – вебсомонаи Мизоч дар сурогаи http://cab.osonsms.com, ки дастраси ба он танхо пас аз ворид намудани гузарвожа пайдо мегардад. Дар утоки шахси Мизоч имконияти ирсоли паёмакро дорад, омор ва хисоби худро тамошо мекунад.

1.6. СПАМ – ба хар тараф фиристонидани паёмакхои характери эълону таргиботи дошта ва паёмакхои дорои матне, ки бе розигии Мизоч ба телефонхои мобилиаш ирсол карда мешавад ва Мизочро ба иштибох мебарад.

 

  1. Матлаби Шартнома. Мукаррароти умуми

 

2.1. Мутобики шартхои Шартномаи мазкур Пайвандгар ухдадор мешавад, байни Фармоишгар ва Оператор равобити технологи оиди ирсол намудани паёмакхо ба Мизоч ташкил намояд.

 

 

 

 

 

  1. Хукук ва ухдадорихои Пайвандгар

 

3.1. Пайвандгар хукук дорад, хангоми пайваст намудани Фармоишгар ба системаи худ маблаги иловаги талаб намояд.

3.2. Пайвандгар ухдадор аст, аз руи талаботи Фармоишгар маълумотхои оиди омори паёмакхои ирсол гашта маълумот пешниход намояд.

3.3. Дар мавриди ба вучуд омадани хар як носози дар тачхизоти истифодашавандаи Пайвандгар, ки ба хизматрасонии ирсоли паёмакхо таъсир мерасонад, Пайвандгар ухдадор мебошад, ки дар давоми 1 (як) соат баъди ошкор намудани носози ё вайроншавии кори тачхизот Фармоишгарро дар ин бора бо занги телефони ва ё хатти огох намояд.

3.4. Дар сурати катъи (боздошти) салохияти Пайвандгар оиди ирсоли паёмакхо аз номи Фармоишгар, Пайвандгар ухдадор аст, фавран ирсоли паёмакхоро катъ намояд.

3.5. Пайвандгар хукук дорад хангоми вайрон намудани банди 4 шартномаи мазкур ирсоли паёмакхоро ва истифодабарии утоки шахсиро барои Фармоишгар катъ намояд.

3.6. Пайвандгар хукук дорад ба Фармоишгар дар бобати додани Алфанумерик рад намояд, агар чунин шуморад, ки номи Алфанумерик ба шаъну шарафи шахси сеюм таъсири манфи мерасонад, масалан, номи ташкилот ва ё раками телефоне, ки ба он Фармоишгар таалук надорад.

 

  1. Хукук ва ухдадорихои Фармоишгар

 

4.1. Фармоишгар танхо хамон паёмакхоро ирсол намояд, ки онхо хилофи Конунгузории Чумхурии Точикистон нестанд. Паёмакхо бояд танхо дар доираи фаъолияташ фирстонида шавад. Дар матни паёмакхо набояд матнхои дорои дини, зидди макомоти давлати ва сохти конститутсиони ва таблиготи чанги дошта бошанд.

4.2. Фармоишгар ухдадор аст, танхо ба Мизочоне, ки расман розигии хаттии худро барои кабули паёмакхо додаанд ва дар Оператороне, ки дар худуди Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шудаанд, ирсол намояд ва бо талаби Пайвандгар ин маълумотро пешниход намояд.

4.3. Фармоишгар ухдадор аст, шартхои дар банди 5-и шартномаи мазкурро саривакт ичро намояд.

4.4.  Фармоишгар ухдадор мебошад ба сахми Мизочон, ки паёмакхоро кабул мекунанд, маълумот ва имконият оиди катъи кабули паёмакхоро фахмонад.

4.5. Фармоишгар ухдадор мебошад, хангоми ирсоли паёмак хамчун сурогаи ирсолкунанда номи дилхох ташкилоти юридикиро истифода набарад, ки барои истифодаи он Фармоишгар дахл надорад, ба гайр аз холатхое, ки аз руи шартномаи юридики хукуки истифодаи сурогаи исролкунандаро ба даст оварда бошад.

4.6. Фармоишгар ухдадор мебошад, ки ирсоли паёмакхоро бо максади фиристонидани СПАМ истифода набарад ва нагузорад, ки ба шахси сеюм барои фиристодан пешкаш намуда шавад.

 

  1. Нарх ва тартиби пардохтхо

 

5.1. Нархи 1 (як) алфанумерик 100 (сад) сомониро ташкил медихад.

5.2. Фармоишгар барои хар як паёмаки ирсол кардааш ба Пайвандгар маблаги аз руи нархи дар замимаи №1-и дар хамин шартнома овардашуда пардохт менамояд.

5.3. Маблаги паёмакхо ба тарики пешпардохт амали карда мешавад.

5.4. Паёмак фиристонида хисоб мешавад ва маблаги он хисоб мегардад, новобаста аз хомуш, муваккатан дастнорас ва гайрифаъол будани раками мизоч, ба гайр аз нодуруст ё хато будани ракам.

 

  1. Масъулияти тарафхо

 

6.1. Пайвандгар аз руи ухдадорихои Фармоишгар дар назди Мизочон, ки дар давоми хизматрасони ва бо он алокаманд буда бавучуд омада, чавобгари ба зимма надорад.

6.2. Хангоми аз тарафи Пайвандгар пешниход шудани Санади ичроиши кор, Фармоишгар дар давоми 5 (панч) рузи кори ба он имзо ва мухр мемонад ва ё сабаби максадноки имзонашавандаи санадро иброз менамояд. Дар холати ичро нашудани ягоне аз ин талабот дар давоми панч рузи кори, санад имзо ва мухршуда ба хисоб меравад.

6.3. Масъулият оиди матн ва номи ирсолкунанда дар паёмак дар зиммаи Фармоишгар мебошад.

6.4. Пайвандгар ва Фармоишгар ухдадоранд маълумотхои дилхохи вобаста ба шартномаро, ба гайр аз холатхое, ки конунгузори талаб намудааст, ба шахсони сеюм ошкор насозанд.

6.5. Фармоишгар ва Пайвандгар ухдадор мебошанд, оиди тагйиротхои вобаста ба шартномаи макзур ба амал меомада, якдигарро саривакт огох намоянд.

6.6. Ухдадорихои пулии Тарафхо баъди бекор кардани Шартномаи мазкур то лахзаи ичроиши пурраи онхо нигох дошта мешаванд.

6.7. Дар мавриди ба вучуд омадани хар як носози дар тачхизоти истифодашавандаи Оператор, ки ба хизматрасонии ирсоли паёмакхо таъсир мерасонад, ирсоли паёмакхо тарики шабакаи эхтиёти (резерви) бо алфанумерики OsonSMS ба рох монда мешавад.

 

  1. Холатхои фавкуллода

 

7.1. Тарафхо барои ичро накардан ё ичрои номатлуби ухдадорихои аз руи Шартномаи мазкур масъулиятро надоранд, агар он дар сурати фарорасии холатхои кувваи рафънопазир (форс-мачор), ки аз иродаи тарафхо вобаста намебошад, пайдо шуда бошад, хусусан: офатхои табии, садамахо, сухторхо, бетартибихои оммави, амалиётхои чанги, эълони карантин ва дигар офатхо, ки дар махаллхои ба таври расми дар зери холатхои дар боло овардашуда карордошта эътироф шуда бошад.

7.2. Оид ба фарораси ва тамомшавии холати фавкуллода яке аз тарафхое, ки шартхои Шартномаи мазкурро дар кувваи ин холатхо ичро карда наметавонад, ухдадор аст дар муддати дах руз бо таври хатти Тарафи дигарро хабардор кунад.

7.3. Далелии мавчудият ва давомнокии холатхои фавкуллода, хуччатхои аз тарафи макомотхои салохиятдори Чумхурии Точикистон дода шуда, шаходат менамояд.

 

  1. Мухлати амали Шартнома

 

8.1. Шартнома аз лахзаи ба имзо расидани он аз чониби харду Тараф ба кувваи конуни медарояд ва то 31 декабри 201_ сол мавриди амал карор дода мешавад.

8.2. Дар сурати хеч яке аз тарафхо нияти бекор намудани Шартномаи мазкурро изхор накарда бошад, онгох он ба соли оянда дароз карда шуда ба хисоб меравад.

8.3. Шартнома метавонад пеш аз мухлат бекор карда шавад ва бекор кардани он бо ташаббуси хар яке аз Тарафхо бо пешаки огох намудани дигар Тараф кабл аз 30 (си) руз то санаи эхтимолии бекоркуни, бо шарте ки байни тарафхо хисоббаробаркуни ба анчом расида бошад, амал менамояд.

8.4. Аз руи аризаи Фармоишгар амали Шартномаи мазкур ба мухлати на зиёда аз се мох метавонад боздошта шавад. Асос барои боздоштани амали Шартномаи мазкур ин розигии хаттии Фармоишгар мебошад, ки он шарти боздоштан ва тартиби баркарорнамоии амали Шартномаро дар бар мегирад.

 

  1. Тартиби халли бахсхо

 

9.1. Хамаи бахсхое, ки дар рафти ичрои Шартномаи мазкур пайдо мешаванд, бо тартиби пешаки аз чониби Тарафхо бо максади хал намудани онхо дида мешаванд.

9.2. Оид ба масъалахое, ки тарафхо ба мувофика наомаданд, барои барраси бо тартиби мукаррар намудаи конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон ба Суди иктисодии ш. Хучанд дода мешаванд.

9.3. Оиди хамаи дигар масъалахое, ки дар Шартномаи мазкур пешбини нашудааст, Тарафхо конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистонро ба рохбари мегиранд.

 

  1. Мукаррароти дигар

 

10.1. Сурога ва маълумотхои Тарафхо (реквизитхо) иваз шуда метавонанд. Дар ин холат Тарафхо бояд дар муддати 5 (панч) рузи кори хабарномахои хатти пешниход намоянд.

10.2. Тарафхо рози хастанд, ки гирифтани хуччатхои электрони эквиваленти чун дар шакли когази гирифташуда мебошад, агар шакли онхо дар замимаи шартномаи мазкур ва ё дар созишномаи иловаги нишон дода шуда бошад.

10.3. Хамаи тагйироту иловахо ба Шартномаи мазкур ба намуди хатти барасмият дароварда мешаванд: бо рохи тартиб додани Созишномаи иловаги.

10.4. Шартномаи мазкур барои харду Тарафхо як нусхаги тартиб дода шуда, харду кувваи баробари хукуки дорад.

 

  1. Сурогаи хукуки ва реквизитхои бонкии Тарафхо

 

ПАЙВАНДГАР:

ЧДММ «Технологияхои иттилоотии муосир»

РМА: 510038493

РЯМ: 5110020291

С/х: 20202972901000100261

дар ЧСК «Бонки Эсхата» ш. Хучанд

С/м: 20402972457071

РМБ: 350501707

Сурога: ш. Хучанд, кучаи Б. Бобоева 2

 

 

Директор

Мамадчонов М. М.    _____________

ФАРМОИШГАР:

________________________________ 

 

РМА:

С/х:

С/м:

РМБ:

Сурога:

 

 

 

 

_________________      _______________

Замимаи №1

ба Шартнома оиди ташкили равобити технологи

барои фиристонидани паёмакхо №__ аз “__” декабри 201__с.

 

 

 

Нархнома барои равобити технологи оиди ирсол намудани паёмакхо

Хачми истифодабарии хизматрасони Нархи ирсоли як паёмак (сомони) бо назардошти ААИ
Ирсоли то 7 000 паёмак дар як мохи таквими 0,05
Ирсоли аз 7 001 то 12 000 паёмак дар як мохи таквими 0,045
Ирсоли аз 12 001 то 16 000 паёмак дар як мохи таквими 0,04
Ирсоли аз 16 001 зиёд паёмак дар як мохи таквими 0,035

 

 

Хангоми ирсол накардани паёмак ва ё ирсоли то 1000 паёмак дар як мохи таквими, маблаги равобити технологи 50 (панчох) сомониро ташкил медихад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ПАЙВАНДГАР:

ЧДММ «Технологияхои иттилоотии муосир»

 

Директор

Мамадчонов М. М.    _____________

ФАРМОИШГАР:

___________________________________

 

 

_____________     _______________

Замимаи №2

ба Шартнома оиди ташкили равобити технологи

барои фиристонидани паёмакхо №__ аз “__” декабри 201__с.

 

Намунаи Санади ичроиши кор

№Номгуи хизматрасонѝМикдорВохидНархМаблаг

1

Барои кайди алфанумерики “_____” мутобики шартномаи №______ аз ___________с.

 

 

 

 

         
ТЕХНОЛОГИЯХОИ ИТТИЛООТИИ МУОСИР
                                                   
                                      Санади ичроиши кор №__ аз «» _________ 201_ сол    
  Чамъияти дорои масъулияти махдуди “Технологияхои иттилоотии муосир”, дар оянда хамчун Ичрокунанда, дар шахсияти Директор Мамадчонов М.М., ки дар асоси оиннома амал менамояд, аз як тараф, ва ______________, дар оянда хамчун Фармоишгар, дар шахсияти ________________________, ки дар асоси оиннома амал менамояд, аз дигар тараф, хамчоя Тарафхо номида мешаванд, санад оиди супоридан ва кабул намудани корхои аз тарафи Ичрокунанда амали гардидаи зеринро тартиб доданд:
                                                                 
  Номгуи хизматрасонѝ Микдор Вохид Нарх Маблаг
 
  2 Равобити технологи оиди ирсоли паёмакхо мутобики шартномаи №______ аз __________с. барои мохи __________ 201_с.   дона    
                                                                 
Хамагѝ:  
Аз он чумла ААИ  
                                                                 
  Хамагѝ номгуи махсулот, хизматрасонѝ 2, ба маблаги __________ TJS
  Маблаг бо хуруф  
                                                                 
  Тарафхо ба хамдигар даъво надоранд.
                                                                 
  Аз тарафи Аз тарафи
Ичрокунанда           Фармоишгар              

 

ПАЙВАНДГАР:

ЧДММ «Технологияхои иттилоотии муосир»

 

Директор

Мамадчонов М. М.    _____________

ФАРМОИШГАР:

___________________________________

 

 

_____________     _______________


 

Замимаи №3

ба Шартнома оиди ташкили равобити технологи

барои фиристонидани паёмакхо №__ аз “__” декабри 201__с.

 

Намунаи Хисобнома

 

         
ТЕХНОЛОГИЯХОИ ИТТИЛООТИИ МУОСИР
                                                     
  ЧСК “Бонки Эсхата” дар ш. Хучанд РМБ 350501707  
  С / М. № 20402972457071  
  Бонк  
  РМА 510038493 РЯМ 5110020291 С / Х. № 20202972901000100261  
  ЧДММ “Технологияхои иттилоотии муосир”  
   
  Пудратчѝ  
                                                                   
  Хисобномаи №___ аз «» ____________ 201_ сол  
     
                                                                   
  Пудратчѝ: ЧДММ “Технологияхои иттилоотии муосир”, РМА 510038493, РЯМ 5110020291,вилояти Сугд, ш. Хучанд, кучаи Б.Бобоева, хонаи № 2  
                                                                   
  Фармоишгар:    
                                                                   
  Номгуи хизматрасонѝ Микдор Вохид Нарх Маблаг
  1 Барои кайди алфанумерики “__________” мутобики шартномаи №________ аз ______________с.        
  2 Равобити технологи оиди ирсоли паёмакхо мутобики шартномаи №__________ аз ___________с. барои мохи __________ 201_с.   дона    
             
Хамагѝ:  
Аз он чумла ААИ:  
      Хамагѝ барои пардохт:  
  Хамагѝ номгуи махсулот, хизматрасонѝ 2, ба маблаги ________ TJS
  Маблаг бо хуруф  
                                                                 
                                                                 
  Рохбар         Мамадчонов М.М.   Сармухосиб       Пулатов Д.Д.

 

 

 

ПАЙВАНДГАР:

ЧДММ «Технологияхои иттилоотии муосир»

 

Директор

Мамадчонов М. М.    _____________

ФАРМОИШГАР:

___________________________________

 

 

_____________     _______________

 

Ҳаққимизда

Яна маълумот

1500009242_pochemu-zhena-ne-hochet-blizosti-s-muzhem

Хотин жинсий алокани хохламаса

Нега аёл эркакни хохламайди? Агар хотин эри билан жинсий алокада булишдан бош тортса, нима килиш …