Главные новости
Главная / Жамият / Шартнома бланка – намуна
<

Шартнома бланка – намуна

Шартнома оиди ташкили равобити технологӣ

барои фиристонидани паёмакҳо №___

 

ш. Хуҷанд                                                                                                   «___» декабри 201__ c.

 

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Технологияҳои иттилоотии муосир” (номи кӯтоҳкардашуда ҶДММ “Технологияҳои иттилоотии муосир”), дар оянда ҳамчун “ПАЙВАНДГАР” номида мешавад, дар шахсияти директор Мамадҷонов М. М., ки дар асоси Оиннома амал менамояд, аз як тараф, ва _____________________________________, минбаъд “Фармоишгар” номида мешавад, дар шахсияти ___________________________, ки дар асоси Ваколатномаи №__ аз ____________ амал менамояд, аз дигар тараф, дар якҷоягӣ Тарафҳо номида мешаванд, шартномаи мазкурро (минбаъд – “Шартнома”) дар хусуси зерин бастанд:

 

  1. Истилоҳотҳое, ки дар Шартномаи мазкур истифода мешаванд

 

1.1. Мизоҷ – шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо Фармоишгар ҳамкорӣ мекунад.

1.2. Оператор – оператори мобилӣ, ки паёмак аз он дастрас карда мешавад.

1.3. Алфанумерик – рақамҳо ва ҳарфҳои лотинии беҳамто (на зиёда аз 11 ҳарф), ки дар паёмакҳо, ки аз тарафи Мизоҷ ирсол карда мешавад, ҳамчун фиристонанда дарҷ мегардад.

1.4. Паёмак (СМС) – хабари кӯтоҳи матнии дарбаргирандаи иттилоот (то 160 аломат бо ҳарфҳои лотинӣ (Latin 1 (ISO-8859-1) 7bit) ё 70 аломат бо ҳарфҳои ғайри лотинӣ (UCS2 (ISO/IEC-10646)) дар шакли матнии рақамӣ мебошад, ки ба воситаи таҷҳизоти шабақаи Оператор то терминали (телефони) мобилии Мизоҷ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, расонида мешавад. Агар миқдори аломатҳои хабар аз миқдори дар боло зикргардида зиёд бошад, матн аз якчанд паёмак иборат ҳисобида мешавад, ки ҳар яки он назиёда аз 153 аломат бо ҳарфҳои лотинӣ ё 67 аломат бо ҳарфҳои ғайри лотинӣ иборат аст. Агар матн бо истифодаи аломатҳои лотинӣ ва ғайри лотинӣ навишта шуда бошад, паёмак бо аломатҳои ғайри лотинӣ навишташуда ба ҳисоб меравад. Инчунин, ҳаҷми як паёмак набояд аз 140 байт зиёд бошад.

1.5. Утоқи шахсӣ – вебсомонаи Мизоҷ дар суроғаи http://cab.osonsms.com, ки дастрасӣ ба он танҳо пас аз ворид намудани гузарвожа пайдо мегардад. Дар утоқи шахсӣ Мизоҷ имконияти ирсоли паёмакро дорад, омор ва ҳисоби худро тамошо мекунад.

1.6. СПАМ – ба ҳар тараф фиристонидани паёмакҳои характери эълону тарғиботӣ дошта ва паёмакҳои дорои матне, ки бе розигии Мизоҷ ба телефонҳои мобилиаш ирсол карда мешавад ва Мизоҷро ба иштибоҳ мебарад.

 

  1. Матлаби Шартнома. Муқаррароти умумӣ

 

2.1. Мутобиқи шартҳои Шартномаи мазкур Пайвандгар ӯҳдадор мешавад, байни Фармоишгар ва Оператор равобити технологӣ оиди ирсол намудани паёмакҳо ба Мизоҷ ташкил намояд.

 

 

 

 

 

  1. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Пайвандгар

 

3.1. Пайвандгар ҳуқуқ дорад, ҳангоми пайваст намудани Фармоишгар ба системаи худ маблағи иловагӣ талаб намояд.

3.2. Пайвандгар ӯҳдадор аст, аз рӯи талаботи Фармоишгар маълумотҳои оиди омори паёмакҳои ирсол гашта маълумот пешниҳод намояд.

3.3. Дар мавриди ба вуҷуд омадани ҳар як носозӣ дар таҷҳизоти истифодашавандаи Пайвандгар, ки ба хизматрасонии ирсоли паёмакҳо таъсир мерасонад, Пайвандгар ӯҳдадор мебошад, ки дар давоми 1 (як) соат баъди ошкор намудани носозӣ ё вайроншавии кори таҷҳизот Фармоишгарро дар ин бора бо занги телефонӣ ва ё хаттӣ огоҳ намояд.

3.4. Дар сурати қатъи (боздошти) салоҳияти Пайвандгар оиди ирсоли паёмакҳо аз номи Фармоишгар, Пайвандгар ӯҳдадор аст, фавран ирсоли паёмакҳоро қатъ намояд.

3.5. Пайвандгар ҳуқуқ дорад ҳангоми вайрон намудани банди 4 шартномаи мазкур ирсоли паёмакҳоро ва истифодабарии утоқи шахсиро барои Фармоишгар қатъ намояд.

3.6. Пайвандгар ҳуқуқ дорад ба Фармоишгар дар бобати додани Алфанумерик рад намояд, агар чунин шуморад, ки номи Алфанумерик ба шаъну шарафи шахси сеюм таъсири манфӣ мерасонад, масалан, номи ташкилот ва ё рақами телефоне, ки ба он Фармоишгар таалуқ надорад.

 

  1. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Фармоишгар

 

4.1. Фармоишгар танҳо ҳамон паёмакҳоро ирсол намояд, ки онҳо хилофи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд. Паёмакҳо бояд танҳо дар доираи фаъолияташ фирстонида шавад. Дар матни паёмакҳо набояд матнҳои дорои динӣ, зидди мақомоти давлатӣ ва сохти конститутсионӣ ва таблиғоти ҷангӣ дошта бошанд.

4.2. Фармоишгар ӯҳдадор аст, танҳо ба Мизоҷоне, ки расман розигии хаттии худро барои қабули паёмакҳо додаанд ва дар Оператороне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ирсол намояд ва бо талаби Пайвандгар ин маълумотро пешниҳод намояд.

4.3. Фармоишгар ӯҳдадор аст, шартҳои дар банди 5-и шартномаи мазкурро саривақт иҷро намояд.

4.4.  Фармоишгар ӯҳдадор мебошад ба саҳми Мизоҷон, ки паёмакҳоро қабул мекунанд, маълумот ва имконият оиди қатъи қабули паёмакҳоро фаҳмонад.

4.5. Фармоишгар ӯҳдадор мебошад, ҳангоми ирсоли паёмак ҳамчун суроғаи ирсолкунанда номи дилхоҳ ташкилоти юридикиро истифода набарад, ки барои истифодаи он Фармоишгар дахл надорад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки аз рӯи шартномаи юридикӣ ҳуқуқи истифодаи суроғаи исролкунандаро ба даст оварда бошад.

4.6. Фармоишгар ӯҳдадор мебошад, ки ирсоли паёмакҳоро бо мақсади фиристонидани СПАМ истифода набарад ва нагузорад, ки ба шахси сеюм барои фиристодан пешкаш намуда шавад.

 

  1. Нарх ва тартиби пардохтҳо

 

5.1. Нархи 1 (як) алфанумерик 100 (сад) сомониро ташкил медиҳад.

5.2. Фармоишгар барои ҳар як паёмаки ирсол кардааш ба Пайвандгар маблағи аз рӯи нархи дар замимаи №1-и дар ҳамин шартнома овардашуда пардохт менамояд.

5.3. Маблағи паёмакҳо ба тариқи пешпардохт амалӣ карда мешавад.

5.4. Паёмак фиристонида ҳисоб мешавад ва маблағи он ҳисоб мегардад, новобаста аз хомӯш, муваққатан дастнорас ва ғайрифаъол будани рақами мизоҷ, ба ғайр аз нодуруст ё хато будани рақам.

 

  1. Масъулияти тарафҳо

 

6.1. Пайвандгар аз рӯи ӯҳдадориҳои Фармоишгар дар назди Мизоҷон, ки дар давоми хизматрасонӣ ва бо он алоқаманд буда бавуҷуд омада, ҷавобгарӣ ба зимма надорад.

6.2. Ҳангоми аз тарафи Пайвандгар пешниҳод шудани Санади иҷроиши кор, Фармоишгар дар давоми 5 (панҷ) рўзи корӣ ба он имзо ва мўҳр мемонад ва ё сабаби мақсадноки имзонашавандаи санадро иброз менамояд. Дар ҳолати иҷро нашудани ягоне аз ин талабот дар давоми панҷ рўзи корӣ, санад имзо ва мўҳршуда ба ҳисоб меравад.

6.3. Масъулият оиди матн ва номи ирсолкунанда дар паёмак дар зиммаи Фармоишгар мебошад.

6.4. Пайвандгар ва Фармоишгар ӯҳдадоранд маълумотҳои дилхоҳи вобаста ба шартномаро, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ талаб намудааст, ба шахсони сеюм ошкор насозанд.

6.5. Фармоишгар ва Пайвандгар ӯҳдадор мебошанд, оиди тағйиротҳои вобаста ба шартномаи макзур ба амал меомада, якдигарро саривақт огоҳ намоянд.

6.6. Ӯҳдадориҳои пулии Тарафҳо баъди бекор кардани Шартномаи мазкур то лаҳзаи иҷроиши пурраи онҳо нигоҳ дошта мешаванд.

6.7. Дар мавриди ба вуҷуд омадани ҳар як носозӣ дар таҷҳизоти истифодашавандаи Оператор, ки ба хизматрасонии ирсоли паёмакҳо таъсир мерасонад, ирсоли паёмакҳо тариқи шабақаи эҳтиётӣ (резервӣ) бо алфанумерики OsonSMS ба роҳ монда мешавад.

 

  1. Ҳолатҳои фавқуллода

 

7.1. Тарафҳо барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадориҳои аз рӯи Шартномаи мазкур масъулиятро надоранд, агар он дар сурати фарорасии ҳолатҳои қувваи рафънопазир (форс-маҷор), ки аз иродаи тарафҳо вобаста намебошад, пайдо шуда бошад, хусусан: офатҳои табиӣ, садамаҳо, сӯхторҳо, бетартибиҳои оммавӣ, амалиётҳои ҷангӣ, эълони карантин ва дигар офатҳо, ки дар маҳаллҳои ба таври расмӣ дар зери ҳолатҳои дар боло овардашуда қарордошта эътироф шуда бошад.

7.2. Оид ба фарорасӣ ва тамомшавии ҳолати фавқуллода яке аз тарафҳое, ки шартҳои Шартномаи мазкурро дар қувваи ин ҳолатҳо иҷро карда наметавонад, ӯҳдадор аст дар муддати даҳ рӯз бо таври хаттӣ Тарафи дигарро хабардор кунад.

7.3. Далелии мавҷудият ва давомнокии ҳолатҳои фавқуллода, ҳуҷҷатҳои аз тарафи мақомотҳои салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, шаҳодат менамояд.

 

  1. Мӯҳлати амали Шартнома

 

8.1. Шартнома аз лаҳзаи ба имзо расидани он аз ҷониби ҳарду Тараф ба қувваи қонунӣ медарояд ва то 31 декабри 201_ сол мавриди амал қарор дода мешавад.

8.2. Дар сурати ҳеҷ яке аз тарафҳо нияти бекор намудани Шартномаи мазкурро изҳор накарда бошад, онгоҳ он ба соли оянда дароз карда шуда ба ҳисоб меравад.

8.3. Шартнома метавонад пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад ва бекор кардани он бо ташаббуси ҳар яке аз Тарафҳо бо пешакӣ огоҳ намудани дигар Тараф қабл аз 30 (сӣ) рӯз то санаи эҳтимолии бекоркунӣ, бо шарте ки байни тарафҳо ҳисоббаробаркунӣ ба анҷом расида бошад, амал менамояд.

8.4. Аз рӯи аризаи Фармоишгар амали Шартномаи мазкур ба мӯҳлати на зиёда аз се моҳ метавонад боздошта шавад. Асос барои боздоштани амали Шартномаи мазкур ин розигии хаттии Фармоишгар мебошад, ки он шарти боздоштан ва тартиби барқарорнамоии амали Шартномаро дар бар мегирад.

 

  1. Тартиби ҳалли баҳсҳо

 

9.1. Ҳамаи баҳсҳое, ки дар рафти иҷрои Шартномаи мазкур пайдо мешаванд, бо тартиби пешакӣ аз ҷониби Тарафҳо бо мақсади ҳал намудани онҳо дида мешаванд.

9.2. Оид ба масъалаҳое, ки тарафҳо ба мувофиқа наомаданд, барои баррасӣ бо тартиби муқаррар намудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди иқтисодии ш. Хуҷанд дода мешаванд.

9.3. Оиди ҳамаи дигар масъалаҳое, ки дар Шартномаи мазкур пешбинӣ нашудааст, Тарафҳо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегиранд.

 

  1. Муқаррароти дигар

 

10.1. Суроға ва маълумотҳои Тарафҳо (реквизитҳо) иваз шуда метавонанд. Дар ин ҳолат Тарафҳо бояд дар муддати 5 (панҷ) рӯзи корӣ хабарномаҳои хаттӣ пешниҳод намоянд.

10.2. Тарафҳо розӣ ҳастанд, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои электронӣ эквиваленти чун дар шакли қоғазӣ гирифташуда мебошад, агар шакли онҳо дар замимаи шартномаи мазкур ва ё дар созишномаи иловагӣ нишон дода шуда бошад.

10.3. Ҳамаи тағйироту иловаҳо ба Шартномаи мазкур ба намуди хаттӣ барасмият дароварда мешаванд: бо роҳи тартиб додани Созишномаи иловагӣ.

10.4. Шартномаи мазкур барои ҳарду Тарафҳо як нусхагӣ тартиб дода шуда, ҳарду қувваи баробари ҳуқуқӣ дорад.

 

  1. Суроғаи ҳуқуқӣ ва реквизитҳои бонкии Тарафҳо

 

ПАЙВАНДГАР:

ҶДММ «Технологияҳои иттилоотии муосир»

РМА: 510038493

РЯМ: 5110020291

С/ҳ: 20202972901000100261

дар ҶСК «Бонки Эсхата» ш. Хуҷанд

С/м: 20402972457071

РМБ: 350501707

Суроға: ш. Хуҷанд, кӯчаи Б. Бобоева 2

 

 

Директор

Мамадҷонов М. М.    _____________

ФАРМОИШГАР:

________________________________ 

 

РМА:

С/ҳ:

С/м:

РМБ:

Суроға:

 

 

 

 

_________________      _______________

Замимаи №1

ба Шартнома оиди ташкили равобити технологӣ

барои фиристонидани паёмакҳо №__ аз “__” декабри 201__с.

 

 

 

Нархнома барои равобити технологӣ оиди ирсол намудани паёмакҳо

Ҳаҷми истифодабарии хизматрасонӣ Нархи ирсоли як паёмак (сомонӣ) бо назардошти ААИ
Ирсоли то 7 000 паёмак дар як моҳи тақвимӣ 0,05
Ирсоли аз 7 001 то 12 000 паёмак дар як моҳи тақвимӣ 0,045
Ирсоли аз 12 001 то 16 000 паёмак дар як моҳи тақвимӣ 0,04
Ирсоли аз 16 001 зиёд паёмак дар як моҳи тақвимӣ 0,035

 

 

Ҳангоми ирсол накардани паёмак ва ё ирсоли то 1000 паёмак дар як моҳи тақвимӣ, маблағи равобити технологӣ 50 (панҷоҳ) сомониро ташкил медиҳад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ПАЙВАНДГАР:

ҶДММ «Технологияҳои иттилоотии муосир»

 

Директор

Мамадҷонов М. М.    _____________

ФАРМОИШГАР:

___________________________________

 

 

_____________     _______________

Замимаи №2

ба Шартнома оиди ташкили равобити технологӣ

барои фиристонидани паёмакҳо №__ аз “__” декабри 201__с.

 

Намунаи Санади иҷроиши кор

№Номгўи хизматрасонѝМиқдорВоҳидНархМаблағ

1

Барои қайди алфанумерики “_____” мутобиқи шартномаи №______ аз ___________с.

 

 

 

 

         
ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИИ МУОСИР
                                                   
                                      Санади иҷроиши кор №__ аз «» _________ 201_ сол    
  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Технологияҳои иттилоотии муосир”, дар оянда ҳамчун Иҷрокунанда, дар шахсияти Директор Мамадҷонов М.М., ки дар асоси оиннома амал менамояд, аз як тараф, ва ______________, дар оянда ҳамчун Фармоишгар, дар шахсияти ________________________, ки дар асоси оиннома амал менамояд, аз дигар тараф, ҳамҷоя Тарафҳо номида мешаванд, санад оиди супоридан ва қабул намудани корҳои аз тарафи Иҷрокунанда амалӣ гардидаи зеринро тартиб доданд:
                                                                 
  Номгўи хизматрасонѝ Миқдор Воҳид Нарх Маблағ
 
  2 Равобити технологӣ оиди ирсоли паёмакҳо мутобиқи шартномаи №______ аз __________с. барои моҳи __________ 201_с.   дона    
                                                                 
Ҳамагѝ:  
Аз он ҷумла ААИ  
                                                                 
  Ҳамагѝ номгўи маҳсулот, хизматрасонѝ 2, ба маблағи __________ TJS
  Маблағ бо ҳуруф  
                                                                 
  Тарафҳо ба ҳамдигар даъво надоранд.
                                                                 
  Аз тарафи Аз тарафи
Иҷрокунанда           Фармоишгар              

 

ПАЙВАНДГАР:

ҶДММ «Технологияҳои иттилоотии муосир»

 

Директор

Мамадҷонов М. М.    _____________

ФАРМОИШГАР:

___________________________________

 

 

_____________     _______________


 

Замимаи №3

ба Шартнома оиди ташкили равобити технологӣ

барои фиристонидани паёмакҳо №__ аз “__” декабри 201__с.

 

Намунаи Ҳисобнома

 

         
ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИИ МУОСИР
                                                     
  ҶСК “Бонки Эсхата” дар ш. Хуҷанд РМБ 350501707  
  С / М. № 20402972457071  
  Бонк  
  РМА 510038493 РЯМ 5110020291 С / Ҳ. № 20202972901000100261  
  ҶДММ “Технологияҳои иттилоотии муосир”  
   
  Пудратчѝ  
                                                                   
  Ҳисобномаи №___ аз «» ____________ 201_ сол  
     
                                                                   
  Пудратчѝ: ҶДММ “Технологияҳои иттилоотии муосир”, РМА 510038493, РЯМ 5110020291,вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯчаи Б.Бобоева, хонаи № 2  
                                                                   
  Фармоишгар:    
                                                                   
  Номгўи хизматрасонѝ Миқдор Воҳид Нарх Маблағ
  1 Барои қайди алфанумерики “__________” мутобиқи шартномаи №________ аз ______________с.        
  2 Равобити технологӣ оиди ирсоли паёмакҳо мутобиқи шартномаи №__________ аз ___________с. барои моҳи __________ 201_с.   дона    
             
Ҳамагѝ:  
Аз он ҷумла ААИ:  
      Ҳамагѝ барои пардохт:  
  Ҳамагѝ номгўи маҳсулот, хизматрасонѝ 2, ба маблағи ________ TJS
  Маблағ бо ҳуруф  
                                                                 
                                                                 
  Роҳбар         Мамадҷонов М.М.   Сармуҳосиб       Пулатов Д.Д.

 

 

 

ПАЙВАНДГАР:

ҶДММ «Технологияҳои иттилоотии муосир»

 

Директор

Мамадҷонов М. М.    _____________

ФАРМОИШГАР:

___________________________________

 

 

_____________     _______________

 

Ҳаққимизда anvarj63

Яна маълумот

Булоқбошида газ конлари бор. Лекин туман марказидаги уйларда овқат пишириш учун ҳам газ йўқ

Тўғриси, электрдаги узилишлар муаммолар ўз йўлига, лекин табиий газ таъминоти ёмон эканлиги ҳақида мақола ёзиш …